Дар ноҳияи Рашт 300 кг тухми чормағз ва 22 ҳазор тут шинонида шуд
РАШТ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Барномаи рушди соҳаи ҷангал ва дастгирии шарикони рушд то имрӯз дар кӯҳҳои болои шаҳраки Ғарм ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт аз ниҳолҳои қарағоч, ақоқиё, чормағз ва дарахтони мевадиҳанда 40,93 гектар ҷангал бунёд намуда, 45 гектар ҷангалро барқарор кардем, ки ҳоло сабзишу нашъунамои онҳо хуб мебошад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт Абдулазиз Қаландаров иттилоъ дод.
Дар ниҳолхонаи Хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт 13 ҳазор бех ниҳол мавҷуд аст, ки аз онҳо ҷангал бунёду барқарор карда мешавад. Ҳамчунин дар ин ниҳолхона 300 кг тухми чормағзи навъи «аъло»-ро зери қум намуда, онҳоро сабзонида ва дар минтақаҳои «Шингилич» ва «Навобод»- ноҳия шинониданд. Дар оянда дар ин мавзеъҳо боғҳои чормағзи аълосифат ташкил мегардад.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рашт, соли 2023 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 23 ҳазору 235 ниҳоли ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуд. Ҳамчунин ҷиҳати рушди соҳаи кирмакпарварӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ 22 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шудааст, ки дар оянда ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ таъсири хуб мерасонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»






