ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 май, душанбе, 142-юмин рӯзи соли 2023

Май 22, 2023 08:00

22 майи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, бо рафти бунёди боғу токзори нав аз наздик шинос шуданд. Ноҳияи Хуросон солҳои пеш  бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавӣ дар ҷумҳурӣ машҳуру овозадор буд.

***

22 майи соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

22 майи соли 2017 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Подшоҳи ин мамлакат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони якчанд давлати дигар мулоқот намуданд.

22 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ.

***

Дар Яман иди миллӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ.

***

Дар Гаити Рӯзи истиқлол ва миннатдорӣ.

***

22 майи соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гертсоггарии Бузурги Люксембург муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.

***

22 майи соли 2009 дар арафаи таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) дар шаҳри Ҳисор Маркази фарҳангию илмии ба номи Имоми Аъзам ба истифода дода шуд.

***

22 майи соли 2009 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Бюрои Созмони ҳамкории Шанхай ва Фонди «Марҷон» чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Кӯдакон расм мекашанд» баргузор гардид.

***

22 майи соли  2014 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир, робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, инчунин вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардид.

***

22 майи соли 2015  дар шаҳри  Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду давлат  баррасӣ шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009  дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

***

Соли 1846 дар Ню-Йорк бузургтарин Агентии иттилоотии байналмилалӣ- Associated Press таъсис дода шуд.

Май 22, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш