«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 62 иштирокчии даври шаҳрии озмун дар Норак ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт

Май 28, 2023 17:18

НОРАК, 28.05.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» даври шаҳрии озмуни мазкур  баргузор гардид.  Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Дар даври шаҳрии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аъзои ҳакамон аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва инчунин муовини раиси шаҳр иштирок карда, ба  ҳунарнамоии 141 довталаб аз рӯйи  рӯи 5 номинатсия  баҳо гузоштанд, ки дар натиҷа 62 довталаб ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.

Мақсади асосии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани фаъолияти фарҳангии ҷавонон, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ,  рассомӣ ва интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд мебошад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро дар ин озмун тараннуми ватандӯстиву ватанпарварӣ, дастовардҳои замони истиқлол, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллию мероси пурғановати ниёгонамон ташкил медиҳанд. Ҳар иштирокчии озмун ҳангоми ҳунарнамоӣ кӯшиш менамояд, ки ба ҳайати ҳакамон сатҳи касбияти худро нишон дода, ба даври баъдӣ роҳхат гирад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Май 28, 2023 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Китоби нав таҳти унвони «Зиёӣ» ба табъ расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид