Боздиди ректори Донишгоҳи техникии Панҷоб аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ДУШАНБЕ,13.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар самти корҳои илмӣ-таълимӣ бо Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамкорӣ менамояд. Дар ин хусус зимни мулоқоти Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо Ректори Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустон доктор Кнс Канг, ки дар Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо баҳри бастани шартномаи ҳамкорӣ ба тавофуқ расида, дар бораи таҳсили донишҷӯёни ихтисосҳои технологияи информатсионӣ, сайёҳат ва меҳмондорӣ ва таҷрибаомӯзии омӯзгорону донишҷӯён табодули назар намуданд.
Намояндагони Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҳиндустон аз синфхонаҳои дӯзандагӣ, устохонаи коркарди чўбу тахта, технологияи мошиншиносӣ ва дуредгариву кандакорӣ, қолинбофиву атласбофии факултети технология, озмоишгоҳҳои таҳқиқотӣ ва осорхонаҳои биологиву зоологии факултети биология боздид намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикитсон ба номи Садриддин Айнӣ










Хонандагони ноҳияи Данғара дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 18 медал ба даст оварданд
Хонандаи Гимназияи хусусии «Кафолат» дар Олимпиадаи байналмилалаии JEO, SEO – 2026 сазовори медали тилло гардид
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИИ ИЛМӢ. Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон созишнома ба имзо расониданд
GREEN.DIGITAL.SMART. Донишгоҳҳои «сабз» заминаи устувори дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонро таъмин менамоянд
Ҷаласаи кории ситоди даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар шаҳри Бохтар маркази «eKhonish» ифтитоҳ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии «Осиёи Марказӣ–Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Ҳисор бо маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ кӯдакистон бунёд мегардад
Дар Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуд
Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз меёбад






