Дар деҳаи Кангурт сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст идома дорад

Июнь 5, 2023 15:54

ТЕМУРМАЛИК, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст идома дорад, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик бо рафти корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи мазкур аз наздик шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар масоҳати 13651 метри мураббаъ бунёд гардида, то ин дам корҳои сохтмонӣ ба маблағи 1 миллиону 385 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар ин давра 25-30 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд.

Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи дарёи Оби Тоҳир, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Кангурт шинос гардид.

Гуфта шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар ин давра 15 нафар шаҳрвандони ноҳия бо ҷои корӣ муваққатӣ таъмин карда шудаанд.

Тибқи лоиҳаи мазкур, баъд аз дамбабандӣ намудани дарёи Оби Тоҳир дар гирду атрофи варзишгоҳ сохтмони иншооти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда Роҳбари вилоят ба масъулон ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо ба масъулин дастуру тавсияҳои муфид дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик

Июнь 5, 2023 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДӢ ДАР МАҲАЛ. Роҳи деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав асфалтпӯш гардид
БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун бинои кӯдакистон ва «Амонатбонк» ба истифода дода мешавад
Дар Хоруғ ғолибони даври вилоятии Озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» муайян гардиданд
Сокинони деҳаи Панҷосиёби Ҷамоати Зарбдори шаҳри Кӯлоб соҳиби бинои иловагии муассисаи таълимӣ мегарданд
ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода 1,5 км роҳи байнидеҳавӣ асфалтпӯш гардид
Зиёда аз як километр роҳи дохилии деҳаи Даҳбеди ноҳияи Шаҳринав асфалтпӯш гардид
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 400 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад
НАЗАРИ КОРШИНОС. НБО «Роғун» — унсури калидии таъмини суботи геополитикӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ҷашн гирифта шуд
Сокинони деҳаи Сангпари Кӯлоб соҳиби мактаби замонавӣ гардиданд
ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода мумфаршкунии зиёда аз 300 метр роҳ оғоз ёфт
ПОЯНДА БОД ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!! Суратгузориш аз тантанаҳои ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе