Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ олимпиадаи забони русӣ доир гардид
ХОРУҒ, 03.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба забономӯзӣ ва дар баробари омӯзиши забони давлатӣ аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев аз 31 май то 1 июн бо иштироки донишҷӯёни ин муассисаи олӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ олимпиада аз фанни забони русӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар додааст.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳи мазкур Баҳромҷон Аҳмадзода гуфт, ки “яке аз ҳадафҳои ин олимпиада- баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши забони русӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад”.
Забони русӣ яке аз 8 забони байналмилалӣ аст, ки сол аз сол нуфуз ва мақомаш дар ҷаҳон бештар гардида, ҳоло бо ин забон 260 миллион муошират мекунад. Илова бар ин Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон буда, солҳои охир робитаҳо дар соҳаи маориф густариш меёбанд. Ҳамасола садҳо нафар хатмкунандагони муасисаҳои таълимии Тоҷикистон таҳсилашонро дар муассисаҳои олии Русия идома медиҳанд.
Дар олимпиада 60 нафар-30 хонандаи синфҳои шашуму ҳаштуми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 30 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ иштирок намуд.
Ин олимпиада бо иқдоми роҳбарият ва устодони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Иштирокдорони олимпиада аз рӯи шартҳои қироати ифоданоки шеър, саводи хаттиву шифоҳӣ, кишваршиносӣ, таърих, илму фарҳанги Русия, баёни фикру мулоҳиза доир ба ҳаёти худ бо ҳам рақобат намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ








ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд






