Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева, обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодию ҳалвопазӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин намояндагони корхонаву ширкатҳои истеҳсолии пойтахт иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонону иштирокчиёни Фестивал бо номоиши маҳсулот, аз ҷумла, яхмос, дўғоб, шарбати меваҳои гуногун, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос шуда, беҳтарин анворо муайян намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Сиҷоуддин Саломзода изҳор дошт, ки Фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ дар пойтахт ва беҳтар намудани сифати истеҳсолоти ватанӣ гузаронида мешавад.
Баъд аз санҷишу азназаргузаронӣ ғолибони Фестивали мазкур муайян карда шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Диплом-у «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе










Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






