Дар Душанбе масъалаи таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима шуд

Июнь 2, 2023 16:17

ДУШАНБЕ, 02.06.2023. /АМИТ «Ховар»/.  31 май Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бар зидди терроризм Илкка Салми вохӯрӣ намуд, ки зимни он масъалаи таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати номбурда хабар доданд.

Ҳамзамон дар мулоқот намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Миёна хонум Терҳи Ҳакала, сафир-намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис ва дигар намояндагони расмии Иттиҳоди Аврупо ҳузур доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ, аз қабили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастҷамъона дар ин самт якчанд таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.

Зимнан ҷонибҳо ба вазъи кунунии Афғонистон ва густариши мавқеи муттаҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 2, 2023 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст