Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани аз НБО «Роғун» боздид намуд

Июнь 5, 2023 18:27

ДУШАНБЕ, 05.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни боздид оид ба ҷараёни корҳо ва ҳашамати ин лоиҳаи муҳими иншооти гидроэнергетикии дорои аҳамияти стратегию иқтисодӣ суҳбату мулоқот анҷом дода шуд.

Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ аз рафти  корҳо дар  иншооти асосии неругоҳ, аз ҷумла дар нақби сохтмонии қабати чорум, сарбанд, баромадгоҳҳои нақбҳои сохтмонии 3 ва 4, минтақаи обқабулкунаки доимӣ, ки дар  баландии 1300 метр аз  сатҳи баҳр воқеъ аст, толори мошинҳо ва ғайра аз наздик шинос гардид.

Антонелла Бассани пас аз шиносоӣ ба сифати корҳо ва азми қавии бунёдгузорони неругоҳ  баҳои баланд дод.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол корҳои бунёдӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, бо маром идома дошта, васлу насби таҷҳизоти муҳими гидроэнергетикӣ, ҷараёни корҳои омодасозии мавзеи агрегатҳо, бинои трансформаторҳо ва дигар нуқтаҳои сохтмонӣ тибқи ҷадвалӣ корӣ амалӣ карда мешавад.

Таъкид гардид, ки дар сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» корҳои сангу шағалрезӣ, аз ҷумла устуворсозӣ бо услуби хос татбиқ шуда, дар асоси марҳилаи навбатӣ дигар тадбирҳои устуворсозӣ дар атрофи мавзеи сохтмон аз ҷониби мутахассисони касбӣ амалӣ мегарданд.

АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун» 

Июнь 5, 2023 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид