Роҳбарони бонкҳои амонатгузории аъзои WSBI дар Бонн бо таҷрибаи бонкҳои пешрафтаи Олмон шинос гардиданд

Июнь 8, 2023 09:52

ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бонни Олмон ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таваҷҷуҳи муҳим дар устувории молиявӣ: ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи бонкҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон», аз ҷумла «Dekabank», «Helaba», «Wibank», «DeutschSparkassen» ва «Raisan» дар самти устувории рушд ESG — экология, рушди иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ доир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ намояндагӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш роҳбарони бонкҳои амонатгузории аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) аз кишварҳои қораи Аврупо, Амрикои ҷанубӣ, Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуда, оид ба дастовардҳои молиявии худ рунамоӣ намуданд.

Дар ҳошияи баргузории чорабинии мазкур Раиси «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) Питер Зимонс мулоқот намуд. Мусоҳибон масоили ҳамкории дуҷониба бо бонкҳои аъзои Институти мазкур аз ҷумла, мусоидат ба ифтитоҳи суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои кишварҳои қитъаи Аврупо, ба роҳ мондани маблағгузории савдо байни бонкҳо ва баргузор кардани чорабиниҳои муштарак бо иштироки намояндагони бонкҳои кишварҳои қитъаи Аврупо, Амрикои Ҷанубӣ, Африқо ва Осиёи ҷанубӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Дар интиҳои мулоқот директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) Питер Зимонс гуфт, ки Институт тасмим дорад, то дар Тоҷикистон яке аз чорабинии худро дар мавзуъҳои муҳими бонкдории муосир баргузор намояд.

Хотиррасон мешавем, ки беш аз 6700 бонкҳои амонатгузор ва чакана аз тамоми дунё аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, бештари масъалаҳое, ки бо ташаббуси Институт баррасӣ мегардад, ин танзими ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисони бонкҳои аъзо маҳсуб меёбад.

«Амонабонк» аз соли 2004 инҷониб аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, то имрўз бо Институти мазкур дар самтҳои гуногун ҳамкориро ба роҳ мондааст.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Июнь 8, 2023 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони «Саноатсодиротбонк» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2459 сомонӣ муқррар шудааст
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт