Аз январи соли 2024 музди меҳнати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 15 фоиз зиёд мешавад
ДУШАНБЕ, 06.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати омӯзгорону кормандонро то 15 фоиз зиёд намояд. Ин дар ҳоле аст, ки аз 1 июли соли равон музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо дар мамлакат ба андозаи 20 фоиз зиёд гардид.
Тавре ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода 4 август дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, вобаста ба зиёд шудани барномаҳои таҳсилии нав ва сарбории таълимӣ дар донишгоҳ ва филиалҳои он барои таъсиси беш аз 100 воҳиди кории иловагии омӯзгорӣ шароит фароҳам гардидааст. Тибқи талаботи озмун, ки дар нашрияҳои даврии ҷумҳуриявӣ эълон гардидааст, дар донишгоҳ мутахассисон ба кор қабул мешаванд. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ҳудуди 20 воҳиди кории дигар барои коромӯз-тадқиқотчиён таъсис дода мешавад.
Иброз гардид, ки дар ин давра тадбирандешиҳои раёсати донишгоҳ дар самтҳои таълим, илм, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва дигар самтҳо имкон фароҳам овард, ки мавқеи донишгоҳ дар бозори хизматрасонии таҳсилӣ боло рафта, дастоварду муваффақият ба маротиб афзоиш ёбанд.
Маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз донишгоҳ ба яке муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бисёрсоҳа табдил ёфта, дар фазои таҳсилотии мамлакат ва ҷаҳон мақоми хосса касб намуда истодааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ба як омӯзгор 18 хонанда рост меояд
Хонандагони фаъоли пойтахт дар истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии «Шарора» таътили босамар мегузаронанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
Маркази миллии тестӣ гурӯҳи ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 27 ихтисоси нав дар соҳаи технология ва металлургияи металлҳои сиёҳ ташкил мешавад
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» оғоз ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол дар нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 10 ҳазор ҷой зиёд ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Мактаби байналмилалии тобистона оид ба омӯзиши криосфера ба фаъолият оғоз намуд
«БЕҲТАРИНИ ОСИЁ – 2026». Навраси тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Моҳи ноябр доир ба саҳми Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 140 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад






