Дар шаҳри Хуҷанд бо ҳайати маъмурияти шаҳри Сиани Чин мулоқот доир шуд

Август 19, 2023 13:59

СУҒД, 19.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳайати маъмурияти шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот баргузор шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои бузурги саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар шаҳр зиёда аз 245 корхонаи саноатӣ ва 1400 корхонаи хурд фаъолият намуда, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба соҳибкорӣ машғул мебошанд. Сол то сол ҳаҷми муомилоти мол бо мамлакатҳои дигар меафзояд. Корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳамасола бо 45 мамлакати ҷаҳон бо ҳаҷми беш аз 300 млн доллар содирот ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар ҳафт моҳи соли раовн ҳаҷми муомилоти мол бо Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 22 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Муовини мудири хадамоти равобити хориҷии шаҳри Сиан таъкид дошт, ки шаҳри Сиан чун Хуҷанд таърихи беш аз 3000-сола дорад. Саноат дар самти мошинсозӣ, хӯрокворӣ, истихроҷи нафту газ, электротехника ва ғайраҳо рушд намудааст. Дар  шаҳр 83 донишгоҳ бо 130 ҳазор донишҷўй фаъолият дорад. Соҳаи сайёҳӣ низ рушд намуда, танҳо давоми 7 моҳи соли равон ин шаҳрро беш аз 1,7 миллиард сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намудаанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ намуданд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Август 19, 2023 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд