Маркази таълимии Тоҷикистон ва Чин ба фаъолият шуруъ намуд

Август 20, 2023 16:30

ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маркази таълимии Тоҷикистон ва Чин ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Донишкадаи кӯҳию металлургӣ хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди саноат тасмим гирифтааст, ки саҳми хешро дар ин самт бо омода намудани мутахассисони соҳибкасб гузорад. Аз ин рӯ ҷиҳати омода намудани мутахассисон якчанд корҳо дар ин самт ба анҷом расонида шуданд.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Донишгоҳи нафту гази Ҷумҳурии Мардумии Чин шартномаи «2+2»- ро ба тасвиб расонид, ки дар асоси он донишҷӯён ду сол дар донишкадаи мо ва ду сол ройгон дар донишгоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил намуда, соҳиби диплом мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар донишкада системаи дугона ё дуалӣ ҷорӣ шудааст, ки дар асоси он донишҷӯён дарсҳои амалии хешро дар зиёда аз 70 корхонаи саноатӣ мегузаранд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

 

 

Август 20, 2023 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд