БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор 400 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мешавад

Сентябрь 1, 2023 10:50

ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Фархор бунёду навсозии 400 бинову иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Тавре Раиси ноҳияи Фархор дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз шумораи умумии иншооти нақшавӣ 80 адади он соли 2022, 75-тои он соли 2023, 81 бинову иншоот соли 2024, 59 иншоот соли 2025 ва 106 иншоот соли 2026 бунёд ва навсозӣ мешаванд.

Аз моҳи марти соли 2022 то моҳи августи соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Фархор 155 бинову иншоот бо тарҳи муосир бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аз аввали соли равон то инҷониб дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ, шарикони рушд, соҳибкорон ва аҳли ҷамоат сохтмони 154 синфхонаи иловагӣ барои 3696 ҷойи нишаст бо мароми баланд идома доранд.

Бояд ёдовар шуд, ки сохтмони Маркази саломатӣ дар деҳаи Шуҳратёри Ҷамоати деҳоти Ватан, Маркази ташхисӣ дар маркази ноҳия, сохтмони таваллудхонаи замонавӣ дар деҳаи Ориёни Фархор, сохтмони корхонаи хишти пухта дар деҳаи Сайёди Ҷамоати Дарқад бо иқтидори 5 миллион дона дар як сол, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли макарон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Фархор, майдончаҳои варзишӣ, дорухона, шағалпӯшкунии 22,6 километр роҳҳои дохили кӯчаву маҳаллаҳо, васлу насби 18 трансформатор, китобхона, сохтмони бинои Маркази хизматрасонии баландошёна ва бинои Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ аз ҳамин ҷумла мебошад.

Соли 2023 аз шумораи 75 иншооти нақшавӣ 30 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар 45 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2023 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд