Дар 32 соли замони Истиқлолияти давлатӣ даромадҳои пулии аҳолӣ 101 маротиба зиёд гардид

Сентябрь 9, 2023 17:16

ДУШАНБЕ, 09.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 32 соли замони Истиқлолияти давлатӣ маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 64 маротиба, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ 32 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ 101 маротиба зиёд гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 22,5 фоиз коҳиш ёфта, 3430 муассисаҳои нави таълимӣ, 2827 муассисаҳои нави тиббӣ, зиёда аз 2400 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд.

Бояд гуфт, ки таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии давлат саҳм гузошта, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум иштирок менамоянд.

Тибқи таҳлилҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар панҷ соли охир рушди иқтисоди мамлакат ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард сомонӣ то ба 115,7 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати рушди иқтисоди миллӣ соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин  шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, рушди босуръати иқтисодиёти мамлакат дар панҷ соли охир асосан аз ҳисоби рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,8 маротиба, кишоварзӣ- 1,9, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- 1,2, гардиши савдои чакана- 1,8, хизматрасонии пулакӣ- 1,7, мусофиркашонӣ- 1,4 ва боркашонӣ- 1,3 маротиба дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат таъмин шуд.

Ҳамзамон тибқи дурномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022 қабул гардидааст, то соли 2025 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 162,9 млрд сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил хоҳад дод. Суръати рушди иқтисоди миллӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, мусофиркашонӣ ва боркашонӣ таъмин мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки дар амал татбиқ намудани барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва барномаҳои соҳавию минтақавӣ имконият дод, ки рушди бонизоми иқтисоди миллӣ идома ёфта, раванди ислоҳоти иқтисодии рушди устувори давлат ва ҳадафҳои Ҳукумат баҳри беҳдошти ҳаёти мардум таъмин гардад.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ дар самти рушди иқтисоди миллӣ 27 стратегия, 11 консепсия, 94 барномаи соҳавӣ ва 68 барномаи минтақавӣ татбиқ шуда истодаанд, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ замина мегузоранд.

Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи саноат имкон дод, ки вобастагии иқтисоди мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ, бахусус семент, ангишт, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрокворӣ кам гардад ва барои содироти минбаъдаи маҳсулоти саноатии ватанӣ замина фароҳам оварда шавад.

Сармояи хориҷӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, рушди соҳаҳои иқтисодиёт бе ҷалби сармояи хориҷӣ, махсусан ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ имконпазир нест. Тибқи маълумоти фаврии Бонки миллӣ, соли 2022 новобаста аз ҳассос гардидани вазъи бозорҳои молия ва сармоя, суст гардидани фаъолияти сармоягузории ширкатҳои фаромиллӣ, дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ ба мамлакат беш аз 2,5 млрд доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021  33 фоиз зиёд мебошад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи ҳадафҳои муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи  миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи миёнамуҳлати иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 таҳия намудааст, ки барномаҳо ва стратегияҳои номбурда барои рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 9, 2023 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Зайнулло Шарифзода президенти нави дастаи футболи «Вахш»-и Бохтар гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо ҷалби сармояи Кореяи Ҷанубӣ маркази логистикӣ бунёд мешавад
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 84 фоиз афзоиш ёфт
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Ҷаласаи гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон намоиши «Энергетика дар давраи гузариш-равонбахши фардо» баргузор мешавад
«НАМИРАМ АЗ ИН ПАС, КИ МАН ЗИНДААМ… ». Дар Панҷакент муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо баландии 5,5 метр қомат меафрозад
Дастаи «Равшан» аввалин маротиба Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор намуданд
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт Мусобиқаи 5-уми байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамкориро оид ба рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон тақвият медиҳанд
«ҶОМИ РУШД-2024». Иштироки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ин мусобиқа ба анҷом расид