Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи аъзои Ситоди вилоятӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи аъзои Ситоди вилоятӣ оид ба ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Таъкид шуд, ки нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба омодагӣ, дар сатҳи баланд ва пеш аз муҳлат ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расида, ҳамзамон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтаанд, ки ба онҳо шахсони обрӯманд, донишманд, кордону ташаббускор ва масъулиятшинос шомил гардидаанд.
Тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб, ташкилоту муассисаҳо ва муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо идома дошта, дар онҳо дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, дар замири наврасону ҷавонон бедор намудани ифтихори ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ таъкид мегарданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, бояд ҷавонон, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таълимӣ барои шиносоӣ бо шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ ба қисмҳои низомӣ ҷалб шаванд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳар шаҳрванд ва ҳар роҳбари ташкилоту муассиса, новобаста аз шакли моликият бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҷиҳати ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамроҳ шавад.
«Агар мо масъулияти ватансозӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва ҳисси баланди худшиносӣ дошта бошем, метавонем ин маъракаи муҳими сиёсиро дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва фарҳангӣ гузаронем. Ин танҳо аз мо иродаи мустаҳкам ва масъулияти баланд тақозо менамояд», -изҳор доштанд иштирокчиёни ҳамоиш.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






