Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе 32-солагии Истиқлолро бо натиҷаҳои назарраси хизматӣ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ ва дар доираи маҳфили «Маърифати ватандӯстӣ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати мазкур хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ дастоварди пурарзиштарини мардуми куҳанбунёд ва тамаддунсози миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Он дар натиҷаи талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи бонангу номус ва шарафманди миллати тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонӣ ба даст омадааст. Бояд гуфт, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандона, фаъолияти пурсамар ва талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Ватани азизу маҳбубамон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва рӯзгори осоиштаи шаҳрвандон таъмин мебошад.
Таъкид карда шуд, ки фаъолияти шабонарӯзии кормандони мақомоти милитсия дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҷониби роҳбарияти мамлакат қадрдонӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар арафаи таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки зиёда аз 90 нафар кормандони милитсияи шаҳри Душанбе барои хизматҳои содиқонаву софдилона ва натиҷаҳои назарраси хизматӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ ва «Ифтихорнома»-и Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин бо «Сипоснома» ва «Раҳматнома»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе — Шарора — Ҳисор пурра мумфарш карда мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат навсозӣ карда мешавад
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид






