Лигаи футболи Тоҷикистон бо натиҷагирии моҳи август беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббиро муайян намуд

Сентябрь 2, 2023 14:04

ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон бо натиҷагирии моҳи август беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббиро дар Лигаи якум муайян намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сарбони «Истаравшан» Илҳом Баротов беҳтарин бозигари август ва сармураббии ин даста Шуҳрат Шамсиев мураббии моҳ дониста шуданд.

Баротов дар чор бозии дастааш дар моҳи гузашта чор дафъа беҳтарин бозигар дар майдон эътироф гардида, 8 гол ба самар расонидааст. Дар умум бо 15 гол сарвони «Истаравшан» феълан беҳтарин нишонзани мусобиқа аст.

«Истаравшан» зери роҳбарии Шуҳрат Шамсиев дар 4 вохӯрии моҳи август 4 пирӯзӣ ба даст оварда, мавқеи худро дар зинаи сеюми ҷадвал устувор намуд.

Ҷоизадорони Лигаи якуми мамлакат бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ ҳар кадоме аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2023 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд