«ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН — 2023». Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф имрӯз Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2023» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмун бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар озмун 5 нафар: омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Роштқалъа Дилдор Суҳробов, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Мастчоҳ Раҳима Ҳидоева, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сиратулло Зоиров, омӯзгори фанни физика ва астрономияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб Сулаймон Абдуқаҳҳор ва омӯзгори фанни химияи Гимназия — парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ Санавбар Абдуллозода иштирок намуда, аз рӯйи ҳафт шарт ҳунару маҳорат месанҷанд.
Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023» 3 рӯз давом намуда, 29 сентябр ҷамъбаст мешавад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад






