Прокурори генералии Тоҷикистон дар Конфронси генералии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи 28-уми Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо, ки 24-25 сентябр дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи умумии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо бо Прокурори генералии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Макс Ҳил, прокуророни генералии якчанд мамлакатҳо ва мансабдорони баландпояи Британияи Кабир мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мулоқоти алоҳида, ки дар Департаменти (вазорати) корҳои дохилӣ, Департаменти (вазорати) корҳои хориҷӣ ва Хадамоти бехатарии Британияи Кабир доир гашт, масъалаҳо вобаста ба ҳамкории муштарак ҷиҳати мубодилаи иттилооти фаврӣ оид ба хатару таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳамкории судманд дар мавзуъҳои гуфташуда байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум таҳия ва ба имзо расонида шавад.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид






