ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, якшанбе, 253-юмин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 10, 2023 08:00

10 сентябри соли 1894  дар Лондон аввалин ронанда барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин ҷарима гардид.

***

10 сентябри соли 1964 қӯшунҳои СММ бо мақсади қатъи муноқишаҳо дар байни ҷамъиятҳои юнониҳою туркҳо ба Кипр фуруд омаданд.

***

10 сентябри соли 1972 дар Мюнхен Бозиҳои ХХ тобистонаи олимпӣ, ки 26 августи ҳамон сол оғоз гардида буданд, ба охир расиданд.

***

10 сентябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ҷашни 2500-солагии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд иштирок намуданд.

***

15 сол муқаддам, 9 сентябри соли 2008 дар дафтари Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорони минтақаи Осиёи Марказӣ  оид ба инъикоси масъалаҳои савдо видеоконфронс доир шуд.

***

10 сентябри соли 2008 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент дар доираи тантанаҳои 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маросими расмии ба истифода додани мақбараи шоир  баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии аввалин  китоби 4-ҷилдаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён» бо забони ҳиндӣ доир шуд.

***

Соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Бизнес-форуми истеҳсолкунандагони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, кишварҳои нозир ва ҳамкор баргузор гардид.

***

10 сентябри соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба маносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон намоишгоҳи аксҳои наворбардор ва суратгири машҳури тоҷик, Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон, академики  Академияи рассомии Тоҷикистон Заур Дахте баргузор гардид.

 10 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Дар Литва – Рӯзи пойтахт.

***

Дар Чин – Рӯзи муаллимон.

Сентябрь 10, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 март, сешанбе, 62-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 март, душанбе, 61-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 март, якшанбе, 60-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, шанбе, 59-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 феврал, панҷшанбе, 57-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, чоршанбе, 56-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, сешанбе, 55-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст