6 НОЯБР-РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мусоҳибаи ихтисосӣ дар мавзуи дин, озодии ақида ва кафолати конститутсионӣ

Ноябрь 6, 2023 08:43

ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш АМИТ «Ховар» бо муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Карим Каримзода оид ба моҳияти илмӣ, аҳамияти миллӣ ва арзиши таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии мамлакат мусоҳиба анҷом дода,пешниҳоди хонандагон намуда буд.  Зимни мусоҳибаи навбатӣ мавзуи дин, озодии ақида ва кафолати конститутсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АМИТ «Ховар»: Конститутсия дар баробари муайян намудани давлатдорӣ ва сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамчунин озодии инсон ва ҳуқуқҳои инсонро дар шакли қонун ифода менамояд. Дар ҳамин бобат ва ҳамчунин озодии дин ва ақида аз мавқеи Конститутсия мулоҳизаҳои худро баён медоштед. 

Карим Каримзода: Дар таърихи инсоният Конститутсия чунин санади умумии (универсалии) ҳуқуқӣ ва сиёсӣ гардид, ки дар он муҳимтарин ва арзишмандтарин дастовардҳои афкори сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои он ва ҳифзи ин ҳуқуқҳо гирд оварда шудаанд, ки он ба мафҳуми лотинии конститутсия — «барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан»- мувофиқ гардид. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва дар байни санад­ҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун санади олии дорои эъти­­бори ҳуқуқӣ аз талаботи аввалиндараҷаи  инсон ба ҳаёт, зиндагӣ,  озодӣ, адолати иҷтимоӣ, баробарӣ  ва дахлнопазир будани ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба май­дони сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид шудааст.

Конститутсия то ба дараҷаи соҳиб шудан ба унвони қонуни асосии давлат эволютсияи дуру дарози таърихиро аз сар гузаронида, амалан синтези афкори пешқадами фалсафию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя  ба таҷриба ва арзишҳои вуҷуддоштаи давлату давлатдорӣ, анъанаҳои қабул намудани конститутсияҳо, раванди конститутсионализм ва таҷрибаи 70-солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (конститутсияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи давлати соҳиб­ихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоии худро  қабул ва эълон намуд.

Конститутсияи мамлакат дар баробари фаро гирифтан ё танзими дигар масалаҳои мубрами ҳаёти давлат ва ҷомеа  ба масъалаи вобаста  ба дин ва озодии ақида, ки нахустин дар муносибатҳои истеҳсолӣ нақши арзанда дошта, дуюмин муҳимтарин ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад, бетафовут набуда, онҳоро дар бобҳои асосҳои сохтори конститутсионӣ ва  ҳуқуқу озодӣ, вазифаҳои  асосии инсон ва шаҳрванд мавриди танзими амиқ қарор додааст. 

АМИТ «Ховар»: Дар моддаи 1 Конститутсияи мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гуфта шудааст. Оид ба дунявияти давлат аз нигоҳи ҳуқуқӣ назари худро мегуфтед. 

Карим Каримзода: Сохтори конститутсионӣ – ин шакли (воситаи) ташкили давлат мебо­шад, ки тобеияти давлатро ба ҳуқуқ таъмин намуда, онро ҳамчун дав­­лати конститутсионӣ муаррифӣ менамояд. Яъне давлат муносибати худро ба дин дар  тавсифи ҳуқуқии давлатӣ ё шакли давлат ифода намудааст. Давлати дунявӣ давлате аст, ки дар он ҳеҷ дину мазҳаб ҳатмӣ ё афзалиятнок  ва ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ пазируфта намешавад. Ҳама дину мазҳабҳо баробар буда, пайравӣ намудан ба ин ё он дин барои шаҳрвандон ягон оқибати ҳуқуқӣ ба бор намеорад. Яъне онҳо новобаста аз пайравӣ ба  ин ё он дин баробарҳуқуқ  мебошанд. Манъ будани дахолати иттиҳодияҳои динӣ ба фаъолияти мақомоти дав­латӣ, аз ҷониби давлат эътироф нашудани мундариҷаи ҳуқуқии санадҳо ва қоидаҳои динӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ ва баробарҳуқуқии мав­ҷудияти динҳо, мудохила накардан ба масъалаи вобаста ба озодии ақида ва виҷдони шаҳрвандон, дар навбати худ ба корҳои давлат ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дахолат накардани иттиҳодияҳои динӣ

муҳимтарин  аломати тавсифкунандаи давлати дунявӣ ба ҳисоб меравад.

Аммо андешаҳои гуфташуда маънои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ набу­дани алоқамандӣ ва ҳамкорӣ барои рушду таҳкими ҷомеа, боло рафтани сатҳи шуури ҷамъиятӣ ва тарбияи маънавию ахлоқӣ ва руҳии ҷомеаро надоранд. Давлат аз қувваи бузурги маънавию ахлоқӣ ва созандаи дин ба манфиати давлату давлатсозӣ ва суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеа васеъ истифода менамояд.

АМИТ «Ховар»: Таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба дин чӣ тавр иҷро мешавад ва дар ин самт кадом тадбирҳои шоиста амалӣ шудаанд? 

Карим Каримзода: Дар давраи соҳибистиқлолӣ  барои таъмини ҳуқуқҳои консти­тут­си­онии шаҳрвандони мамлакат ба дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ва­колатдори давлатӣ оид ба дин (Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъ­ана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ва Маркази исломшиносӣ) самаранок фаъолият доранд. Дар мамлакат 49 масҷиди ҷомеаи марказӣ, 372 масҷиди ҷомеъ, 3591 масҷиди панҷвақта, 6 мадрасаи мутавассита, 72 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 4092 иттиҳодияи динӣ сабт шудааст. То замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият менамуд.

Аз 30 нафар шаҳрвандони дар 70 соли пеш аз истиқлолият ба зиёрати хонаи Худо мушаррафшуда то ба 300 ҳазор нафар расидани  чунин шаҳрвандони мамлакат, чор маротиба ба забони адабии тоҷикӣ нашр шудани китоби муқаддаси Қуръони карим, нашри бузургтарин китобҳои олами ислом, аз қабили «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Тафсири Табарӣ», «Кимиёи Саодат»-и Имом Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарҳо, таҷлили 1310-солагии поягузори мазҳаби Ҳанафӣ  Имоми Аъзам, баргузор намудани конфронси бонуфуси байналмилалӣ вобаста ба ин ҷашн бо иштироки зиёда аз 500 нафар аҳли уламо ва шахсиятҳои бонуфузи динии ҷаҳон, аз соли 2012 то имсол 7 маротиба аз ҷониби Пажуҳишгоҳи исломии Уммон аз зумраи 500 нафар мусулмони бонуфузи ҷаҳон пазируфта шудани Роҳбари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар со­­змонҳои байналмилалии исломӣ нишонаи ҳамкории хуби давлат ва итти­ҳодияҳои динӣ  дар Тоҷикистон мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳазораи «Шоҳнома»-и ҳаким Фир­давсӣ, 2700 — солагии «Авесто», 1000 — солагии ҳуҷҷатулҳақ Носири Хусрави Қубодиёнӣ, 1025 — солагии шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, 680 — солагии орифи машҳур Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675 — солагии шайх Камоли Хуҷандӣ, 800 — солагии мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150 — солагии ода­мушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 950 — солагии имоми бузург Муҳаммади Ға­золӣ ва дигарон  дар сатҳи арзанда таҷлил шуд.

Чунонки Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Ҳадафи асосии мо аз таҷлили ҷашнҳо ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихии мил­латамон ва осори гаронбаҳои онҳо таҳкими ҳарчи бештари ҳисси худо­гоҳиву худшиносии миллии наслҳои имрӯза ва дар хизмати онҳо қарор додани арзишҳои воло ва дастовардҳои неки фарҳангии ниёгонамон, инчунин бо ҳамин роҳ дар шуури наврасону ҷавонон тарбия намудани эҳсоси ифтихор аз гузаштагон мебошад».  

АМИТ «Ховар»: Бо назардошти давлати дунявӣ  будани  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон аз давлат ҷудо бу­дани ташкилоти динӣ ва ба  кори  давлат дахолат накардани онҳо, инчунин ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф нашудани мафкураи ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла маф­кураи динӣ муқаррар шудааст. Муҳтавои ҳамин моддаро тафсир медодед? 

Карим Каримзода: Ин мазмуни онро дорад, ки аз тарафи давлат ба зиммаи  таш­килоти динӣ иҷрои ягон вазифаи давлатӣ гузошта намешавад. Давлат  дар фаъолияти ташкилоти динӣ тааасуб, хурофот ва ифротгароиро пеш­гирӣ намуда, сиёсати таҳаммулпазириро байни дину мазҳабҳо, та­рафдорони онҳо ва шахсони бедин амалӣ менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қаринаи давлати дунявӣ будани Тоҷикистон ҳамчунин ба  танзими ҳуқуқи озодии виҷдон, ки дар низоми  ҳуқуқҳои шахсӣ ва шаҳрвандии конститутсионии инсон ва шаҳр­ванд нақши муҳим дорад, аҳамияти  хосса зоҳир намудааст. Тибқи моддаи 26  Конститутсия «ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

Дар ин модда ҳуқуқ ба озодии виҷдон дар  намуди: ҳуқуқи муайян намудани муносибат ба дин, ҳуқуқи  дар танҳоӣ ё дастҷамъӣ пайравӣ намудан аз дин ва ҳуқуқи иштирок дар маросим ва расму оинҳои динӣ муқаррар шудааст.

Ҳуқуқи муайян намудани муносибат ба дин — ин аз ҷониби инсон новобаста  аз вазъи шаҳр­­вандӣ, ҳолати молу мулкӣ, мансубияти динӣ ва нажодӣ мустақилона муносибат намудан ба дин, пайравӣ намудан ё  пайравӣ накардан ба ягон  дин  ифода меёбад. Яъне шахс ҳуқуқи пайравӣ намудан, накардан ё пайрави дини дигар буданро дорад. Дар ин масъала ҳама гуна маҳдудият манъ мебошад, яъне тибқи Конститутсия ҳар шахс дар ҷаҳонбинии  динии худ озод мебошад.

Муқаррароти Конститутсия  дар ин масъала аз он бармеояд, ки муайян намудани ҷаҳонбинии шахс ва тобеияти шуури ҷамъиятии он дар ҷомеаи демократӣ тавассути меъёр номумкин аст. Агар ин масъала  ҷанбаи маҷбурӣ ё  ҳатмӣ гирад, он гоҳ озодии эътиқод ва виҷдон маънояшро гум менамояд.

Ҳуқуқи  дар танҳоӣ ё дастҷамъӣ пай­равӣ намудан аз дин асосан шакли амалӣ  гаштани муносибати инсонро ба дин муайян менамояд. Тибқи  Конститутсия,  инсон дар пайравӣ намудан ё на­намудан ба дин озод буда, чунин амали худро дар алоҳидагӣ ё дастҷамъона ихтиёрона ба амал мебарорад.

Қисмати муҳими ҳуқуқ ба озодии виҷдон – ин ҳуқуқи иштирок дар маросим ва расму оинҳои динӣ мебошад, ки шахс дар амалӣ намудани онҳо низ озод аст. Иҷрои  онҳо ба хоҳиши шахс вобаста аст. Муҳим он аст, ки  инсон ҳуқуқ ва имконият дорад дар маросим ва расму оинҳои ди­нӣ, ки Конститутсия кафолат додааст, қоида ва тартиби гуза­ронидани он­ро қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, ихтиёрона иштирок намояд.

Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маросимро маҷмуи амалҳои рамзӣ арзёбӣ менамояд, ки муносибати шах­сон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои  муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамоянд.

Расму оини динӣ дар шакли анъана ва ҷашнҳои динӣ баромад наму­да метавонад, ки бо махсусияти динӣ ва такрорёбанда буданаш ба чунин сифатҳо расидааст.

Вобаста ба ин, муқаррароти  қисми 3 моддаи 14 Конститутсия ба маҳдуд намудани ҳуқуқ ба озодии виҷдон низ пурра татбиқшаванда мебошад,  ки тибқи моддаи мазкур «Маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Ин муқарарроти Конститутсия ба талаботи  қисми 3 моддаи 18 Пай­мони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фит­рӣ ва сиёсӣ тавъам мебошад, ки тибқи он: «озодии пайравӣ  намудан ба дин ё  эътиқод  танҳо  ба андозае маҳ­дуд мешавад, ки тавассути қонун муқаррар гардидааст ва барои ҳифзи амният, тартибот, саломатӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ равона шудааст. Ҳамчунин ҳуқуқ ва озодии  асосии дигар ашхос  зарур аст».

Моддаи 30 Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғот ва таш­виқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ меҳисобад.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, аз ҷума озодии дин ва озодии виҷдонро  арзиши олӣ ҳисобида, барои ҳама гуна дину мазҳаб ҳамчун қис­мати  шуури  ҷамъиятӣ шароити муътадили рушду таҳким фароҳам овардааст.

Ҳама гуна ҳуқуқу озодии инсон бояд ба мақсади ниҳоии давлат ва ҷомеи Тоҷикистон, яъне бунёди ҷомеаи адолатпаравар ва иҷтимоӣ  равона  шуда, бо хусусияти созандаю бунёдкоронаи худ ҷомеаи моро барои ра­сидан ба ормонҳои миллӣ раҳнамун созад ва барои халқ ва миллати мо ҳам­чун чароғи ҳидоят хизмат намояд.

Мусоҳиб А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2023 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд»
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
ТАНБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲҲО. Шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия