БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ. Қабули он дар марҳилаи сарнавиштсоз барои аз нобудӣ наҷот додани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт
ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бори нахуст дар таърихи халқи тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ба хотири гиромидошти ин санаи таърихӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи ин сана бо муовини Раиси Суди конститутсонии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Карим Каримзода оид ба моҳияти илмӣ, аҳамияти таърихию миллӣ ва замина барои давлатсозӣ будани Конститутсия мусоҳиба орост.
АМИТ «Ховар»: Лутфан, дар оғози мусоҳиба оид ба моҳияти илмии Конститутсия, аҳамияти таърихӣ ва сиёсии он мулоҳизаҳои худро баён менамудед.
К. Каримзода: Мавзуи озодии шахсият, таъмини ҳуқуқҳои фитрӣ, адолати иҷтимоӣ, баробарҳуқуқӣ ва волоияти қонун, идоракунии давлат, ташаккули низоми ратсионалии ҳокимият ва таҷзияи он аз ҷумлаи падидаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқие арзёбӣ мегарданд, ки давоми таърихи инсоният ҳамчун предмети дорои аҳамияти махсуси илмӣ ба ҳисоб мерафтанд ва имрӯзҳо низ чун масъалаҳои актуалӣ боқӣ мемонанд. Чунин аҳамияти махсус ба масъалаҳои гуфташуда ва мушкилоти ҳаёти ҷомеа аз он бармеоянд, ки дигаргуниҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҳар ҷомеа ба таври объективӣ тағйироти ҷиддиро дар муносибати байни шахсиятҳо, ҷомеа ва давлат, байни инсон ва ҳокимият муқаррар менамоянд.
Бояд гуфт, ки нишондиҳандаи асосии таърих ва қонунияти пешбарандаи он инкишофи босуръати ҷомеаи башарӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёт аст. Дар баробари ҳамин инсоният дар ҳама давру замон ба озодӣ, истиқлолият ва ҷомеаи адолатпарвар ниёз дошт ва дорад.
29 сол муқаддам мардуми шарафманди Тоҷикистон ба авзои ниҳоят мураккаб ва ноороми сиёсию иҷтимоӣ нигоҳ накарда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва қарзи шаҳрвандию ватанпарварӣ муносибати худро ба тақдири минбаъдаи давлату миллат ва бақои он иброз намуд.
Қабули Конститутсияи мамлакат аҳамияти муҳими таърихию сиёсӣ дошт. Ин воқеаи таърихӣ азму иродаи қавии роҳбарияти дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихобгардида ва мардуми тоҷикро ҷиҳати бунёди давлати миллӣ ва мутамаддин собит намуд.
Аҳамияти дигари таърихии қабул шудани Конститутсия ин аст, ки роҳбарияти мамлакат дар баробари ба амал баровардани қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, яъне:
— хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ;
— ба ватан баргардонидани гурезагони иҷборӣ;
— таъмини амнияти саросарии шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат,
ҳамчунин раванди ислоҳоти конститутсиониро бо ҳадафи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона тавассути қабули Конститутсияи нави давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон оғоз бахшид.
АМИТ «Ховар»: Ба қабули Конститутсия аз ҷониби сокинони мамлакат дар замони ниҳоят мураккаби сиёсӣ чӣ гуна метавон баҳо гузошт?
К. Каримзода: Қабули Конститутсия инъикос ва ифодаи руҳи шикастнопазир, соҳибфарҳанг ва тамаддуни воло будан, дар лаҳзаҳои ҳассос ва душвор дар атрофи фарзандони баномус ва шуҷои миллати худ ҷамъ омадан ва дар назди гузаштагони худ масъулият доштани халқи тоҷик буда, ҳама гуна хаёли хом ва андешаҳои носолими душманони давлат ва миллати моро нисбат ба халқи мо ботил баровард.
Қабули Конститутсия чиро муқаррар намуд? Якум, инъикоси васеи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матни Конститутсия. Дуюм, тақдири ояндаи давлат ва миллат муайян шуд. Сеюм, халқи тоҷик қувваи асосӣ ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа ва давлат эълон гардид. Чорум, баҳогузорӣ ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ мутобиқ ба риояи қонунии се унсур — манфиати шаҳрванд, ҷомеа ва давлат муқаррар шуд.
Аз ҳама асосӣ ин аст, ки дар таърихи навини давлатдорӣ қабули Контитутия ҳамчун ғалабаи комили ақли солим ва хиради азалии халқи тоҷик аз болои қувваҳои сиёҳкори аҳриманӣ ва зулмот, ки мехостанд тавассути ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ шаҳду шакари истиқлоли давлатӣ ва озодии миллати тоҷикро ба заҳр омехта намоянд, моро аз истиқлоли давлатӣ ва истиқлоли давлатиро аз миллати тоҷик ҷудо намоянд, арзёбӣ мегардад.
АМИТ «Ховар»: Баъд аз расидан ба Истиқлоли давлатӣ, дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ баргузор намудани райъпурсии умумихалқӣ ҷиҳати қабули Конститутсия кори саҳлу осон набуд…
К. Каримзода: Дуруст аст. Ин нахустин чорабинии муҳими сиёсии давлати соҳибистиқлол буд, ки халқи тоҷикро ҷиҳати муайян намудани сарнавишти ояндаи давлат ва миллати худ, бунёди давлат ва расидан ба ормонҳои миллӣ ба ҳам овард ва овоздиҳии муташаккилонаи мардуми мамлакат кӯшишҳои бадхоҳони миллати тоҷикро оид ба пешгирӣ намудан ва халал расонидан ба ин чорабинии ҳаётан муҳими давлатӣ барбод дод. Ин чорабинӣ ба роҳбарияти сиёсии мамлакат қувва ва неруи нав бахшида, Ҳукумати мамлакатро ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими идораи давлат ва ислоҳоти он раҳнамун сохт. Дар дили мардуми ҷафокашида орзуву умедро барои ояндаи давлат, миллат ва фарзандони онҳо бедор намуд. Ҳокимият ва ҷомеаро бо ҳам муттаҳид намуд. Вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 чунин таъкид намуда буданд: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».
Конститутсия тавассути андеша ва арзишҳои миллӣ бо риояи арзишҳои умумипазируфташудаи байналмилалӣ бунёд намудани давлати демокративу ҳуқуқбунёд буда, он бо хусусияти соф миллии худ ифодаи воқеии иродаи халқи тоҷик мебошад. Конститутсия халқи тоҷикро қисми ҷудонашавадаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар пеши наслҳои гузаштаву ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор эътироф намуда, мақсад ва вазифаҳои таърихии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи адолатпарвар эълон намуд.
АМИТ «Ховар»: Ҳоло мо дар арафаи ҷашни 29-умин солгарди қабули Конститутсия қарор дорем. Ҳар қадар, ки аз рӯзи қабули Конститутсия дур меравем, аҳамияти таърихию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ин санади асосии миллат ва давлати тоҷик эътибору шукуҳи бештар касб менамояд. Гузашти рӯзгор ва ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ қадар дурусту саривақтӣ будани қарор дар бораи қабули Конститутсияро нишон медиҳад.
К. Каримзода: Воқеан ҳам чунин аст. Конститутсия ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва дорои эътибори олии ҳуқуқӣ принсипҳои асосии бунёди давлати миллӣ, пешбурди давлатдорӣ ва низоми онро бо нақш ва ҳузури се шохаи ҳокимияти давлатӣ танзим намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф намуда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эътироф кардааст. Бинобар ин ҳар қадаре бо гузашти айём аз он рӯзҳои таърихӣ дур мешавем, ҳамон қадар ба ақлу хиради азалии халқи азизамон, ки дар давраи басе ҳассоси таърихӣ атрофи Роҳбари навинтихобшудаи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, Конститутсияро қабул намуда, ба бақои миллат ва давлат асос гузоштанд, ҳамду сано хонда, сари таъзим фуруд меорем. Ҳамон қадар ба ҳастӣ, мавҷудият ва ҳузури Конститутсия дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ, риояи бечуну чаро, таъмини устуворӣ ва ҳифзу ташаккули он вобаста ба рушду таҳкими давраҳои таърихии ҷомеа ва давлатамон итминони комил ҳосил менамоем.
АМИТ «Ховар»: Замони кунунӣ пешорӯи ҷомеа ва давлатдории муосир хатарҳои нав гузоштааст. Ин ҳолат масъулият ва вазифаҳоро ҷиҳати тақвият бахшидан ва эмин нигоҳ доштани сохти конститутсионии малакат бештар менамояд. Дар ҳамин мавзуъ чӣ андеша доред?
К. Каримзода: Мутаассифона, хатарҳои замони муосир бештар шудаанд. Беэътиноӣ ба арзишҳои умумибашарии эътирофнамудаи инсоният, коста гаштани тартибот ва низоми байналмилалӣ, дахолати рӯйирост ба корҳои дохилии давлатҳои алоҳида, ки истиқлолият ва тамомияти арзии онҳоро зери хавфу хатар мегузорад, фаъол гаштани созмонҳои террористиву ифротгароӣ ва ҷиноятпешаи фаромиллӣ ва ба зери тасарруфи онҳо даромадани минтақаҳои алоҳидаи дунё, зиёд гаштани муноқишаҳои дохилӣ, ки ба таври оммавӣ ба поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд оварда расонидаанд, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки натиҷаи рушди чандинҳазорсолаи афкори фалсафӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва ҷонбозиҳои беназири насли инсоният мебошанд, ба хавфу хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ намудаанд.
Ба эътибор нагирифтани конститутсияҳои давлатҳои алоҳида, ирода ва манфиатҳои қисмати зиёди аҳолӣ, байрақ намудани «ҳуқуқи инсон» ва «фалокатҳои гуманитарӣ», бисёрстандартӣ дар ҳалли масоили умдатарини байналмилалӣ ба хотири ноил шудан ба мақсадҳои геополитикӣ, муборизаи кӯр-кӯрона бар зидди ҳокимият аз ҷониби бархе аз шаҳрвандони зери нуфузи идеология ва ғояи бегона афтида, аз хавфу хатарҳои замони муосир дониста мешаванд.
Чунин шароити мураккаб дар назди давлат ва миллат вазифаҳои нав ба нави сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мегузорад. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ эълоннамудаи Конститутсия, пешбурди сиёсати бомаром, бонизом, дурандешона ва ватандӯстонаю ба манфиатҳои шаҳрванд, ҷомеа ва давлат тавъамро, ки дар маҷмуъ манфиатҳои миллӣ ном доранд, тақозо дорад. Муҳим он аст, ки мо ба арзишҳои конститутсионӣ, ки онҳо аз арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумиэътирофшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ибтидо мегиранд, содиқ бошем. Онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, ба онҳо ба хотири рушди миллӣ таҳким бахшем ва қоидаи рафтори ҳамагон гардонем.
Мусоҳиб Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»