Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд

Ноябрь 20, 2023 17:52

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15-17 ноябр дар Пекин ҷаласаи навбатии Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ дар шакли омехта баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа ҳайатҳои байнисоҳавии ҳамаи давлатҳои аъзои созмон иштирок намуданд.

Дар ҳошияи нишаст доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории маҷмуии давлатҳои аъзои созмон дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар майдончаҳои бисёрҷонибаи профилӣ, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.

Инчунин аҳамияти татбиқи Нақшаи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои таъмини амнияти байналмилалии иттилоотӣ барои солҳои 2022-2023 ишора гардид.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Котиботи СҲШ дар Пекин

Ноябрь 20, 2023 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Душанбе Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд