Кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорону донишҷӯёни Тоҷикистон дар озмунҳои илмию эҷодӣ дар ИДМ сазовори ҷоиза ва нишонҳои сарисинагӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли 2023 бо ташаббуси Маркази тадқиқоти илмии «Best Publication» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон байни шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озмунҳои гуногуни илмию эҷодӣ баргузор гардид.
Дар онҳо беш аз 1000 нафар, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 корманди соҳаи маориф ва омӯзгорону донишҷӯён аз рӯйи 15 номинатсия иштирок намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷоизаҳо гардиданд.
11 намояндаи Тоҷикистон аз рӯйи мақолаҳо ва корҳои илмии пешниҳодшуда дар номинатсияи «Беҳтарин мақолаи илмӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ» ғолиб ва сазовори ҷоизаҳо дониста шуданд.
Аз ҷумла, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода, директори литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Сироҷзода, директори мактаб-интернати №5 барои хонандагони шунавоияшон суст дар шаҳри Душанбе Шафқат Одиназода, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Равшан Каримов, мудири шуъбаи гастроэнтерологияи Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрӣ»-и №2 Маҳмуд Ғафоров, донишҷӯёни курси 1-уми факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ёсуман Розиқова ва Раҳмонҷон Раҳмонов ҳамчун ғолибон бо ҷоиза ва нишони сарисинагии «Фидоии касби худ» («Преданность своей профессии»), «Хизмат дар соҳаи илм» («Услуги в области науки»), «Ифтихори маориф» («Гордость образования») ва «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» («Лучший студент СНГ») қадрдонӣ шуданд.
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва нишонҳои сарисинагиро ба ғолибон Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода тақдим намуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон















Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад






