Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар кори ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин роҳбарон ва аъзои ҳайати парламентии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Федератсияи Русия иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст аз пазироии гарми кишвари мизбон изҳори сипос намуданд.
Сипас муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа оид ба нақши забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил андешаҳои худро иброз доштанд.
Гуфта шуд, ки бо назардошти аҳамияти муассири забони русӣ, пеш аз ҳама, дар рушди илм, техника ва маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯхтани он имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи кори ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома мубодилаи афкор доир шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






