СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хоруғ сохтмони якчанд корхонаи истеҳсолӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони якчанд корхонаи истеҳсолӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Аз ҷумла дар заминаи собиқ бинои Заводи нон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рамеш Худоиев сохтмони корхонаи коркарди гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ ва маҳсулоти ширӣ оғоз гардид.
Тазаккур дода шуд, корхонаи мазкур соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва зиёда аз 25 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин карда мешавад.
Ҳамчунин дар ҳамин мавзеъ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Насим» сохтмони корхонаи коркарди меваи хушк, банду басти он ва корхонаи мебелбарорӣ оғоз шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, зиёда аз 35 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ доимӣ мегардад.
Дар ин ҷой инчунин аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир Стоун» сохтмони корхонаи коркарди санг оғоз гардид.
Таъкид шуд, ки корхонаи мазкур соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва зиёда аз 25 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар робита ба сохтмони ин корхонаҳо дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкориву сармоягузории «Помир Инвест 2023» созишномаҳои ҳамкории дахлдор ба имзо расида буданд.
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








Байни Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо созишнома ба имзо расид
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Бонки исломии рушд мулоқот намуд
Ҷаласаи якуми Шурои кории муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
Вазорати нақлиёт Маркази байналмилалии тамосро бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар шакли озмоишӣ фаъол намуд
Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2026 чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷӣ мамлакат содирот намуд?
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе — Шарора — Ҳисор пурра мумфарш карда мешавад
Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор мегардад
Дар Бонки миллӣ дар доираи омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид






