ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, душанбе, 331-умин рӯзи соли 2023 аст
Соли 1940 Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон (Чкаловск) – и вилояти Суғд таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти Англия- шаҳри Лондон таҳти унвони «Тоҷикистон дар асри XXI. Дурнамо барои рушд ва тараққиёт» конфронс доир шуд.
***
27 ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии «Хизматрасониҳои давлатӣ: дастрас ва босифат» баргузор гардид.
***
27 ноябри соли 2015 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардид.
***
27 ноябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар намуданд.
***
27 ноябри соли 2017 прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои ҳарду ҷониб барои солҳои 2018-2019-ро бо нишон додани тадбирҳои мушаххаси муштарак ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлоси навбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд.
***
27 ноябри соли 2020 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
27 ноябри соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Туркманистон сафар намуданд.
27 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:
Дар Русия – Рӯзи қӯшунҳои баҳрӣ.