35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Ҳисор ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд

Декабрь 26, 2023 13:36

ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои  бунёдкорию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор  ду бинои баландошёни истиқоматӣ ба истифода дода шуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар маросими  ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ роҳбарияти шаҳр  иштирок намуда, ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.

Нахуст дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ бинои 13-қабата, ки дар қабати аввал маркази савдо ва хизматрасонӣ, аз қабили дандонпизишкӣ ва сартарошхона ҷойгир аст, ифтитоҳ гардид.

Бинои дигари истиқоматӣ, ки ба истифода дода шуд, аз 6 қабат иборат буда, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Ҳисор воқеъ аст. Он дорои  72 хона, аз ҷумла 48-якҳуҷрадор, 12-дуҳуҷрадор ва 12-сеҳуҷрадор мебошад. Дар таҳхонаи бино барои нигоҳдории ҷиҳозу захираи ҳар оила ҳуҷраҳои иловагӣ сохта шудаанд.

Масъулини сохтмон ҳамзамон роҳбарияти шаҳри Ҳисорро бо лоиҳаи майдончаи бозии кӯдакон ва таваққуфгоҳи мошинҳо, ки дар пушти бино сохта мешавад, шинос намуданд. Дар доираи корҳои ободонӣ ба соҳибкор ҷиҳати сохтани партовгоҳи расмӣ, айвончаи нишаст барои пиронсолон ва нуқтаи нонпазӣ барои занон дастур  дода, муҳлати иҷрои онро арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз таъйин намуданд.

Ду бинои истиқомтаие, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, барои бо манзили истиқоматӣ таъмин гардидани беш аз 150 оила мусоидат менамоянд. Биноҳо аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ  Нурулло ва Баҳрулло  Ҳусейновҳо бунёд гардида, аз ҷониби соҳибкорон ба се оилаи ниёзманд хонаҳои якҳуҷрадор ва дуҳуҷрадор туҳфа гардиданд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон соли 2023 тибқи нақшаи генералӣ, дар шаҳри Ҳисор  8 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хизматрасонӣ ба истифода дода шуд, ки беш аз 600 оила бо манзили истиқоматии ҳозиразамон таъмин ва даҳҳо ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 26, 2023 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо конфронси байналмилалӣ доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон 649 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Лахш 90 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
«ОФТОБ ДАР ХУРРАМЗАМИН». Таҳти чунин унвон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби нав ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст