Ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин муҳтарам Чжан Тсинвэй ва ҳайати ҳамроҳонаш зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳисор» рафта, осорхонаи таърихию фарҳангӣ, Арки Қалъаи Ҳисор, Аскархона, Қасри Ҳоким ва Амфитеатрро тамошо намуда, бо фарҳангу таърихи гузаштаи шаҳри бостонии Ҳисори Шодмон ва дар маҷмуъ бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Инчунин меҳмонон Боғи зимистонаи «Шаршара»-ро тамошо намуданд. Дар толори боғ ба ифтихори ташрифи меҳмонон барномаи фарҳангӣ доир гардид. Таъкид шуд, ки , ки дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Чин, ки ҳарду дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим мавқеъ гирифтаанд, аз умқи таърих сарчашма гирифтааст. Ҳанӯз соли 630-и мелодӣ сайёҳи Чин Сюан Тсзян ба Осиёи Миёна сафар намуда, дар сафарномааш «Тахористон» аз Ҳисор, ки он замон Шумон ё ба истилоҳи чиниҳо Сумон ном бурда мешуд, аз расму оин ва фарҳанги тоҷикони ин мавзеи бостонӣ ёдовар шудааст, ки бегумон аз огоҳии муаррихону ҷуғрофишиносони ин кишвар оид ба Ҳисори куҳан дарак медиҳад.
Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин равобити ҳасанаи ду давлат ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ҳамгироӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ аҳамияти махсус касб намуд.
Ҷонибҳо аз сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки моҳи августи соли равон доир гардид, ёдовар шуда, саҳми Ҷумҳурии Мардумии Чинро ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, сохтмони роҳу нақбҳо, воридоти технологияҳои нав, муҳайё намудани заминаҳо барои истеҳсоли технологияи «сабз» дар рушди иқтисоди Тоҷикистон арзишманд маънидод намуданд.
Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертиро пешкаши меҳмонони чинӣ гардониданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






