Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти гармхонаи парвариши лимӯ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар» шинос шуданд

Декабрь 14, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 14.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз гармхонаи парвариши лимӯ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар» дар ноҳияи Кӯшониён боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар» дар масоҳати 50 гектар таъсис ёфта, майдони 3 гектарро боғ, 30 гектар пахта, 8 гектар ғалладонагиҳо, 1,5 гектар картошка ва 3,9 гектарро замини кишти хўроки чорво ташкил медиҳад.

Дар хоҷагии мазкур, ки роҳбариашро Маҳмадтолиб Ҷобирзода ба уҳда дорад, 10 гармхона бунёд шудааст. Сохтмони гармхона аз соли 2012 оғоз гардида, соли 2016 аз тарафи Президенти мамлакат зимни сафари корӣ ба истифода дода шудааст.

Баъди бунёди гармхона 6 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Истеҳсоли лимӯ дар хоҷагӣ дар соли 2022 — 40 тонна ва соли 2023 ҷамъоварии он ба 50 тонна расонида мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар дохили мамлакат ва ба Федератсияи Русия содирот мегардад.

Даромади хоҷагӣ аз ҳисоби гармхона аз 300 то 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Муассиси хоҷагӣ ба нақша гирифтааст, ки дар 3,0 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда бунёд намуда, аз ҷумла дар майдони 2,0 гектар лимӯ парвариш намояд ва дар майдони 1,0 гектар сабзавоти барвақти кишт кунад.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 48 гектар гармхонаҳои лимӯпарварӣ мавҷуд аст, ки аз он 39,6 гектар ҳосилдиҳанда мебошад.

Дар соли 2022 — 263,6 тонна лимӯ истеҳсол карда шудааст, ки аз он дар бахши ҷамъиятӣ аз 9,0 гектар — 133 тонна ва аз 30,6 гектари аҳолӣ 130,6 тонна лимӯ истеҳсол гардидааст. Ҳосилнокии лимӯ аз 1 гектар 66,5 сентнериро ташкил медиҳад.

Баъди шиносоӣ аз фаъолияти хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори деҳқонон дар самти истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ баҳои баланд доданд.

Боздид аз гармхонаи парвариши лимон дар Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон 14.12.2023

Декабрь 14, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ҳамоиши ҷавонони Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ вусъат меёбанд
Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 107 адад расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ вусъат меёбанд
Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар Зафаробод сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ идома дорад
Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
Дар Остона ҷаласаи 12-уми Шурои сиёсати саноатии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Бо ҷалби волонтёрон дар пойтахт ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд