ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Лубнон бо либосҳои сафед ба майдон мебарояд
ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» муқобили тими миллии Лубнонро бо либосҳои сафед анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Имрӯз дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади шаҳри Доҳа бо иштироки намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё, кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 ва намояндагони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа дар қатори дигар масъалаҳо ранги либоси дастаҳо тасдиқ гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо либоси сафед ва тими миллии Лубнон бо либоси сурх ба майдон мебароянд.
Бозии даври сеюм байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон 22 январ дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Доҳа баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:00 бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд






