ҶУДО. Тоҷикистонро дар мусобиқаи ҷаҳонии Гран-прии Португалия нуҳ паҳлавон муаррифӣ менамояд

Январь 21, 2024 09:31

ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 январ дар шаҳри Одивелас мусобиқаи ҷаҳонии Гран-прии Португалия оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барои иштирок дар ин мусобиқа 641 варзишгар (356 мард, 285 зан) аз 90 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 9 варзишгар, аз ҷумла Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни то 60кг), Меҳрзод Суфиев (дар вазни то 60кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (дар вазни то 73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (дар вазни то 81кг), Умедҷон Раҷабов (дар вазни то 90кг), Комроншоҳ Устопириён  (дар вазни то 90кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни то 100кг) ва Аҳлия Муминоваро (дар вазни то 52кг) ба Португалия равон менамояд.

Қобили тазаккур аст, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибон 3000 евро, барандагони медали нуқра 2000 ва барандагони медали биринҷӣ 1000 евро супурда мешавад.

Ҳамчунин варзишгарон хол гирифта, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Январь 21, 2024 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд