6 МЕДАЛ. Кори олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон сазовори баҳои баланд гардид

Февраль 12, 2024 13:42

ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 4 то 7 феврали соли 2024 дар шаҳри Ал-Кувайти давлати Кувайт Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон баргузор гардид. Дар он дар байни 65 кишвари ҷаҳон 10 олиму профессор ва ихтироъкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби 6 медал гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 6 нафар, аз ҷумла доктори илмҳои химия, профессорон Мубашширхон Раҳимова, Сироҷиддин Раҷабзода ва номзади илмҳои химия, дотсентон Мавлуда Давлатмамадова, Ҷаҳонгул Давлатшоева, Назира Бекназарова ва  Муқаддас Қурбонова корҳои ихтирооташонро пешниҳод намуданд

Баъд аз натиҷагирии ҳайати баландпояи ҳакамон, ки аз муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии ҷаҳонӣ созмон ёфта буд, маросими расмии ҷоизасупорӣ баргузор гардид. Дар маросим вазири таҳсилоти олӣ ва пажуҳиши илмии Давлати Кувайт,  доктор Одил ал-Удвонӣ, намояндагони марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истеҳсолии Кувайт ва аъзои корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат бо ҳузури васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кувайтӣ иштирок намуданд.

Дар байни 145 иштирокчӣ аз 65 давлати ҷаҳон олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 2 медали тилло, 1 Ҷоизаи WOIS (Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ), 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Ихтирооти пешниҳодшуда бештар ба самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бахшида шуда буд. Ҳайати ҳакамон ба ихтирооти олимони тоҷик баҳои баланд дода, ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Дар назар аст, ки дар наздиктарин рӯзҳо грантҳои илмӣ байни олимони тоҷик ва олимони давлати Кувайт амалӣ гарданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Февраль 12, 2024 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд