Ҳамкории Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти касбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд

Февраль 22, 2024 14:39

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон арРушайдон доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита.

Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти кумитаи навтаъсис маълумоти мушаххас дод.

Иброз гардид, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз мамлакатҳои муҳим дар Шарқи Наздик ва Миёна ба ҳисоб рафта, дар муносибати дуҷониба ва бисёрсамтааш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, рушди сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳо лоиҳаҳои бузургро амалӣ месозад.

Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон пешниҳод намуд, ки Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкории дуҷониба амалӣ намояд.

Фарҳод Раҳимӣ таклифҳои сафирро муҳим арзёбӣ намуда, омодагии кумитаро вобаста ба ташкил ва таҳкими ҳамкории муштарак изҳор намуд. Иброз гардид, ки сатҳи ҳамкории илмии дуҷонибаи ҷавобгӯ ба талабот зарурати тавсеа ва тақвияти ҳамкориро талаб менамояд.

Пешниҳод шуд, ки лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ бо ин муассисаҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳия шуда, тибқи муқаррарот пас аз мувофиқа ва гузаронидани расмиёти мувофиқасозии дохили давлатӣ амалӣ шаванд.

АКС: Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2024 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт