Дар Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот баргузор шуд

Февраль 23, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал ҳайати Парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо ҳайати меҳмонон таҳти  роҳбарии узви Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, муовини якуми директори Мактаби ҳизбии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Се Чунтао мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Чин давоми таърих бо ҳусни ҳамҷаворӣ зиста, ба ҳамдигар дӯстони неку шарикони боэътимод мебошанд. Дар ин ҷода аз саҳми бузурги роҳбарони  ду давлат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Си Ҷин Пин сухан гуфт.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи доимии Маҷлиси Умумичинии намояндагони халқ робитаҳои мустаҳками дуҷониба амалӣ намудаанд, ки дар густариши эътимоди сиёсии ду давлат нақши муҳим дорад. Бояд гуфт, ки байни парлумонҳои ду мамлакат ҳамкории самарабахш амал намуда,  гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Чин таъсис ёфтаанд. Истифодаи самараноки иқтидори ин гурӯҳҳои дӯстӣ ба манфиат мебошад.

«Аз давраи барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни мамлакатҳои ҳамсоя ҳамкории дуҷониба бар пояи эҳтироми тарафайн, баробарӣ ва барои ҷонибҳо самарабахш рушду такомул меёбад. Ин муносибатҳо ба шарофати кӯшиш ва иродаи неки ҳарду ҷониб ба сатҳи шарикии стратегӣ расида, барои ҳамкории бисёрсамта таҳкурсии муносиб гузоштанд»,-  афзуд Мавсума Муинӣ.

Ҷонибҳо дар бораи таҳким бахшидани робитаҳои байнипарлумонӣ, алалхусус равнақ додани ҳамкорӣ байни кумитаҳо ва гурӯҳҳои дӯстӣ, ҳамкории мутақобилаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактаби ҳизбии назди Ҳизби Коммунистии Чин, табодули таҷриба, рушди ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд–як роҳ», равнақ додани робитаҳо дар соҳаи энергетика, иқтисоди «сабз», ҳамкории ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар масоил табодули афкор намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд