ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. «Амонатбонк» ба филиалҳояш 558 ҳазор корти беноми «Фарогир» дастрас намуд

Февраль 12, 2024 14:41

ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» «Амонатбонк» инфрасохтори заруриро дар нозироти андоз, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар саросари ҷумҳурӣ фароҳам овардааст. Дар ин хусус раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Раиси «Амонатбонк» иброз дошт, ки ҷиҳати ба роҳ мондани пардохти ҳамаи андозҳо, боҷҳои давлатӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ «Амонатбонк» дар маҷмуъ 1 ҳазору 63 постерминал фаъол намуд. Дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 2 ҳазору 555 ва дар бахши хусусӣ 760 постерминал насб гардидааст.

Барои хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон беш аз 558 ҳазор кортҳои беноми «Фарогир» интишор гардида, ба филиалҳо дастрас шуданд. Таъкид гардид, ки барномаи мобилии «Амонатбонк» «Амонат-мобайл» қабули пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳамгироиро бо иқтидори иттилоотии мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ таъмин менамояд. Шумораи умумии истифодабарандагони барномаи «Амонат-мобайл» 779 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар замимабарномаи мобилии «Амонатбонк»- «Амонат-мобайл» мутобиқати технологии хизматрасонии вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ, молия, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва дигар мақомоти давлатӣ анҷом дода шудаанд.

Инчунин барои анҷом додани хизматрасонии ғайринақдӣ дар саҳифаи расмии «Амонатбонк» равзанаи алоҳида омода ва мавриди истифода қарор дорад.

Дар Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 12, 2024 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе Ҷаласаи 11-уми минтақавии Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор гардид
«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе иштирок менамояд
Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3800 то 9.3738 сомонӣ муқаррар шудааст
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Амрико мунтазам афзоиш меёбад
Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил шуд
«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад
11 май Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ расман ифтитоҳ мегардад