МАДАНИЯТИ ШАҲРНИШИНӢ. Дар Хатлон нисбат ба онҳое, ки сабабгори ифлосшавии муҳити зист мегарданд, тадбирҳои қонунӣ меандешанд

Февраль 28, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва бартарафнамоии ҳолатҳои харобиовари табиат дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҳамарӯза чорабиниҳои пешгирикунанда гузаронида шуда, амалҳои ба табиат харобиовари баъзе шаҳрвандон ошкор ва нисбаташон тадбирҳои қонунӣ андешида мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар доираи як чорабинии мақсаднок дар ҳудуди шаҳри Бохтар якчанд манзараи ҳузнангез, ҳолатҳои ғайриқонунии дар ҷойҳои муқаррарнашуда партофтани партовҳо ва сари вақт тоза накардани партовгоҳҳо аз ҷониби масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр ошкор ва муайян шуд.

Дар натиҷа нисбат ба масъулин ва раисони якчанд маҳаллаи шаҳри Бохтар, ки нисбат ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бепарвоӣ зоҳир намудаанд, санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Ҳадаф аз гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, инчунин тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф мебошад.

Бояд гуфт, ки вазифаи ҳар шахси соҳибватан ин аст, ки баҳри ҳифзи муҳити зист, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳал, табиат ва сарватҳои бебаҳои он бо рафтору кирдори накӯяш саҳм гузорад.

Дар Тоҷикистон ба масъалаҳои амнияти экологии аҳолӣ, тоза  нигоҳ доштани муҳити зист, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи самараноки унсурҳои табиат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Боиси таассуф аст, ки баъзе масъулини сохторҳои марбутаи давлатӣ ва шаҳрвандон дар ин самт бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, дар бартарафнамоии омилҳои харобиовари муҳити зист саҳлангорӣ ва канораҷӯӣ менамоянд.

Аҳли ҷомеаро мебояд ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, ки омили асосияш мавҷуд будани партовҳо дар муҳити атроф аст, инчунин татбиқи раванди ободониву созандагӣ, маданияти шаҳрдорӣ ва тозаву зебо нигоҳ доштани муҳити зист дар канор набошанд.

Дар ин раванд шаҳрвандон бояд дар ободу зебо гардонидани муҳити атроф, баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим пайваста саҳм гузоранд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Февраль 28, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид
Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Як зумра кормандони гуногункасб, хизматчиёни давлатӣ ва рӯзноманигорон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд
Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд