НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат 808 иншооти гуногун бунёду навсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат бояд 808 иншооти мухталиф бунёд, таҷдид ва таъмир шуда, мавриди истифода қарор дода шаванд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иттилоъ дод.
Тазаккур дода шуд, ки то ин давра аз ҷониби соҳибкорон, саховатмандон ва аҳолии шаҳр 222 иншоот, аз ҷумла 12 корхонаи саноатӣ, 20 иншооти тандурустӣ, 31 иншооти соҳаи маориф, 2 иншооти варзишӣ, 1 иншооти истироҳатию фароғатӣ, 72 иншооти хизматрасонӣ, 30 иншооти савдою хӯроки умумӣ, 9 бинои истиқоматӣ, 3 бинои маъмурӣ ва 20 иншооти дигар сохта шуда, 37 километр роҳ ва 13 пул таъмир шуд, ки ба 27,5 фоизи нақша баробар мебошад.
Соли 2024 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тамоми неруи созандаро ба амалӣ гардидани иҷрои нишондиҳандаҳо ва самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳадафҳои стратегии мамлакат, бахусус стратегияҳо, барномаҳо, дурнамоҳо, нақшаҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








35 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Панҷ 216 иншоот ба истифода дода шуд
Дар Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол идома дорад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Элоки Файзобод барои 2400 хонанда мактаби нав сохта мешавад
Дар шаҳри Бохтар бинои нави беморхонаи бемориҳои дил ва Маркази эндокринология бунёд карда мешавад
«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик бунёдкорию созандагӣ вусъати тоза мегирад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ашт сохтмони неругоҳи офтобӣ идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд






