НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ду лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ду лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад. Дар ин хусус 12 феврал Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
“Аз ин ду лоиҳа — Лоиҳаи рушди сайёҳӣ бо маблағгузории Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 10,0 миллион доллари ИМА ҷиҳати таҳкими корҳо, омода намудани суратҳисоби ёрирасони сайёҳӣ ва нақшаи рушди сайёҳӣ, гузаронидани пурсишҳо, муайян намудани рӯйхати сармоягузорӣ тариқи хизматрасонии машваратӣ амалӣ мегардад”,-шарҳ дод раиси кумита.
Дар доираи татбиқи ин лоиҳа бо ҷалби ду ширкати консалтингии хориҷӣ таҳия намудани нақшаҳои генералии сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ва атрофи он, кӯҳҳои Фон ва шаҳри Панҷакент оғоз гардида, корҳо дар ин самт идома дорад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки Лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо арзиши 30 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ гардидааст, ҳоло мавриди татбиқ қарор дорад.
Аз ин лоиҳа 15,7 миллион доллари ИМА ба рушди сайёҳӣ равона гардидааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд






