«ВАТАНПАРВАР». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон озмуни ҳарбӣ-варзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии наврасону ҷавонон, тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат байни онҳо доир шуда, дар он 7 даста аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуд.
Иштирокдорон аз рӯйи намудҳои сафороӣ, додани саломи ҳарбӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани яроқи таълимӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва ғайра байни ҳам сабқат намуданд.
Бо гирифтани холҳои зиёд дастаи хонандагони гимназияи 1 сазовори ҷойи аввал шуда, литсейи 1 ҷойи дуюм ва гимназияи 2 ҷойи сеюмро сазовор гаштанд.
Дар анҷоми озмун ба ғолибон Ифтихорнома ва Дипломи шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон супорида шуда, онҳо ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!






