Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо инстинод ба ин кумита. Дастурхони идона ороёфта маҳсули дасти коргарзанони ин кумита ва ифодагари суннатҳои наврӯзӣ буд.