Дар Олмон ҳамкории Тоҷикистон бо намояндагони соҳаи сайёҳии давлатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB -Berlin 2024, ки дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид, вохӯрии муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён бо як зумра намояндагони соҳаи сайёҳии давлатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳии байналмилалӣ, аз ҷумла сардори Департаменти рушди Маъмурияти миллии сайёҳии Гурҷистон Анна Кекелия, намояндаи Wanderlust Давид Риид, намояндаи телевизиони History Люсия Ламберт, намояндаи давлати Қатар ва намояндагони Fairmont Серен Файоми, Trescher Verlag Baltic Exposervice доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия намудани хатсайрҳои сайёҳии мухталиф, табодули таҷриба ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби муовини якуми раиси кумита Рустам Холматиён имконоти сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии шикор, экологӣ, табобатию солимгардонӣ ва кӯҳнавардӣ муаррифӣ шуданд.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, ҷонибҳо ҳавасмандиашонро барои густариши ҳамкории минбаъда иброз доштанд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид






