Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд

Март 17, 2024 10:52

ДУШАНБЕ, 17.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Венаи Австрия директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад бо роҳбарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.

Дар мулоқот бо роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини комиссари Комиссияи миллии назорати маводи нашъаовари Чин Тсан Вай-хун масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин пешгирии нашъамандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон  ҷонибҳо оид ба вазъи маводи нашъаовар ва тадбирҳои андешидаи мақомоти ваколатдори давлатҳои худ табодули афкор намуданд.

Ҷониби Эрон омодагии худро ҷиҳати ба имзо расонидани санади дуҷониба оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Агентӣ ва Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон ва дар ин замина ташкил ва баргузор кардани курсҳои омӯзишӣ изҳор намуд.

Ёдовар мешавем, ки ин вохӯриҳо дар ҳошияи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар баргузор гардиданд.

АКС аз бойгонӣ

Март 17, 2024 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд