Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи вусъат бахшидани корҳои ободониву сабзазоркунӣ имсол дар тамоми қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Дар маркази маъмурии вилоят- шаҳри Хоруғ бо иштироки Раиси вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид. Давоми як рӯз дар ҳудуди шаҳри Хоруғ зиёда аз 200 бех дарахтони ороишӣ шинонда шуданд.
Ниҳолҳои нахустин дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ дар назди бозори «20- солагии Истиқлолият», боғи «Ғалаба», бинои боҳашамати театри вилоятӣ ва майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ шинонида шуданд.
Раиси вилоят масъулини шаҳр ва идораҳоро вазифадор намуд, ки корҳои ободонӣ ва сабзазоркуниро тақвият бахшида, барои хуррамгардонии диёр аз тамоми имконият истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки Барномаи ҳукуматӣ оид ба кабудизоркунии мамлакат то соли 2040 қабул гардидааст, ки он бояд дар амал татбиқ гардад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳим дар соҳаи об, экология ва тағйирёбии иқлим мебошад ва маъракаи ниҳолшинониву ободкорӣ таҷассуми воқеии амалҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад






