Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо шароити таълим дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 400 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо имконот ва заминаи модиву таълимии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шинос шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд, хонандагон бо намоиши дастовардҳои донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён, ки ба маърази тамошои хонандагон гузошта шуда буд, шинос шуда, ба довталабон оид ба фаъолияти донишгоҳ ва факултетҳо варақаҳои маълумотиву тарғиботӣ пешкаш шуданд.
Роҳбарияти донишгоҳ ба хонандагон гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии ҷумҳурӣ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ба шумор рафта, баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳнамоии Вазорати маориф ва илм тадбирҳои судманд андешида, барои баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, хоса омӯзгорони ҷавон, тақвияти зарфияти илмии муассиса, такмили барномаҳои таълимӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлоли давлатӣ дар байни донишҷӯён иқдоми мушаххас амалӣ намудааст.
Донишгоҳ қабули довталабонро барои соли таҳсили 2024-2025 дар 10 факултет бо 61 ихтисос эълон менамояд. Донишгоҳ дорои хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон, 8 марказ, аз ҷумла, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон», табъу нашр, рушди касбият, ихтироъкорони ҷавон, ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ, китобхонаи барҳаво, китобхонаи электронии пайваст бо интернети баландсуръат, синфхонаҳои лингофонӣ, Парки технологӣ, қитъаҳои таҷрибавию истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, маркази касбомӯзӣ, литсей, Коллеҷи омӯзгорӣ, маҷаллаҳои илмӣ, кӯдакистон, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраки донишҷӯён, марказҳои хизматрасонии компютерӣ ва ғайра буда, ба муҳассилин 625 мутахассиси соҳибтаҷриба, профессор ва докторону номзадҳои илм таълим медиҳанд.
Донишгоҳ таҳсилро дар таълими рӯзона, таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти ғоибона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида, ҳамчунин барои идомаи таҳсил баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, маълумоти дуюм аз ихтисосҳои мавҷуда имконият муҳайё намудааст.
Маҳз фаъолияти густурдаву бисёрсолаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд, ки бо қарори Ташкилоти байналмилалии сертификати сифати аврупоии Институти швейтсариягӣ (Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир) соҳиби Иҷозатнома ва Сертификати байналмилалии сифати Аврупо (Ҷоиза) гардид.
Дар донишгоҳ маҳфилҳои гуногуни илмӣ фаъолият менамоянд, ки донишҷуён аъзои онҳо буда, савияи донишашонро сайқал медиҳанд. Онҳо тавассути ин маҳфилҳо дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Дар донишгоҳ шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, шуъбаи магистратура, докторантураи PhD фаъолият менамояд, ки дар омода намудани кадрҳо саҳми беназир дорад. Танҳо соли 2023 аз ҳисоби омӯзгорон — хатмкунандагони донишгоҳ 34 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд






