Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар шаҳри Ҳисор ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳри Ҳисор ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимии шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт масъулини соҳаро муваззаф намуд.
Раиси шаҳри Ҳисор аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ёдовар шуда, гуфт, ки «вақте фарзанд бесавод мемонад, бе касб мемонад, бе ҳунар мемонад, ӯ ё дар кӯча ба корҳои паст даст мезанад ё ҷиноят содир менамояд, яъне дар зиндагӣ доим азият мекашад. Вазифаи мову шумо он аст, ки онҳоро тарбия кунем, соҳиби касбу ҳунар гардонем, илм омӯзонем, ки баъди сари мову шумо зиндагии мустақилонаашонро пеш бурда тавонанд».
Аз ҷониби вазир ва раиси шаҳр изҳори итминон карда шуд, ки масъулони соҳаи маорифи шаҳр аз эродҳо нисбат ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои шаҳр хулосаи зарурӣ бароварда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ раванди таълиму тарбияро дар ҳама самтҳо таҳкиму тақвият мебахшанд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо кумитаҳои падару модарон, риояи либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби хонандагон, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ, бо худ овардани китобҳои дарсӣ аз ҷониби хонандагон, пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани ҳисси миллии хонандагон, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои таълимӣ, фарогирии саросарии кӯдакону наврасон ба таълиму тарбия ва гирифтани пеши роҳи воридшавии хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад






