Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ имсол дар корхонаҳои таъмирии Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 13,3 миллион сомонӣ 32 вагон аз таъмири асосӣ ва 97 вагон аз таъмири умумӣ бароварда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Аз 32 вагони аз таъмири асосӣ бароварда 30 вагон боркаш ва 2 вагон мусофиркаш мебошад. Аз 97 вагони аз таъмири умумӣ бароварда 96-тоашро вагонҳои боркаш ва 11 вагонро мусофиркаш ташкил медиҳад. Инчунин дар айни замон ба маблағи беш аз 2,4 миллион сомонӣ корҳои таъмири хати роҳ, бардоштан ва иваз намудани релсҳои роҳи оҳан анҷом дода шуданд.
Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмиру таҷдиди вагонҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» фарсудашавӣ ва аз кор баромадани вагонҳо ва локомотивҳо барои корхона чун мушкилии ҷиддӣ боқӣ мемонад, гуфта мешавад дар хабар.
Аз ин рӯ, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати нақлиёти мамлакат ба масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» супориш дода шуд, ки дар ҳамкории зич бо идораи робитаҳои байналмилалии вазорат, дигар вазорату идораҳои марбута барои марҳила ба марҳила навсозӣ намудани парки локомотивҳо, вагонҳои боркаш ва мусофирбар, инчунин дар доираи имконият аз ҳисоби даромади корхона харидани вагонҳо ва маводи рангубор сармояи хориҷӣ ва дохилиро ҷалб намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо ҳолати кишти картошка шинос шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 12 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
Вазири молияи Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрӣ намуд






