Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт

Апрель 15, 2024 19:10

ДУШАНБЕ, 15.04.21024 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 15 апрел дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон вобаста ба омодагии қувваю воситаҳои қисми мудофиаи ҳудудӣ ва захираи сафарбарӣ барои пуррагардонии қисмҳои низомӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиётбуда чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд.

Ҳадафи баргузории омодагӣ шиносоӣ ва арзёбии омодабошии шаҳрвандон ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ мебошад. Чорабинӣ бо ҳузури намояндаи ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб, комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони мутассадӣ баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки санҷиши омодабошии ҷангӣ, ҷалб ва мудофиаи ҳудудӣ баҳри сайқал додани таҷрибаву малакаи ҳайати шахсӣ, тақвият бахшидан ба ҳамоҳангии сохторҳои низомии шаҳр дар сурати ба вуқуъ омадани хатарҳои эҳтимолӣ равона шудаст. Ҳамчунин ҳадафи ин чорабинӣ санҷиши амалиёти тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии ҷисмониву равонӣ ва қобилияти ҷангиву малакаи ҳарбии қисмҳои низомӣ мебошад.

Таъкид карда шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, имрӯз қодир мебошанд, ки манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Бо баробари беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ маҳорати касбию ҷангии сарбозон низ сайқал ёфта, сарбозону афсарони шуҷои Ватан сипари боэътимоди давлату миллат мегарданд.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»

Апрель 15, 2024 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар