Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории дуҷониба мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марказҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷалб гардида, баъди омӯзиш ва аз худ кардани нозукиҳои усулҳои муосири ҷарроҳӣ дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо мақсади мубодилаи таҷриба, омӯзиши нозукиҳои усулҳои пешрафтаи тиббӣ, ки зимни амалиёти мураккаб истифода мегарданд, давоми солҳои охир мутахассисони ҷавони соҳаи тиб ба кишварҳои хориҷӣ ҷалб гардида, донишу таҷрибаашонро баланд мебардоранд.
Ҳамзамон пас аз омӯзиш табибони ин марказ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳибтаҷрибаи кишварҳои пешрафта амалиёти навро ҷорӣ менамоянд.
Бо мақсади мубодилаи таҷриба ва ба роҳ мондани усулҳои нави табобати бемориҳои аритмиологӣ мутахассиси аритмиолог, профессори Маркази омӯзишии дармонӣ ва таҳқиқоти қалб ва уруғӣ ба номи Шаҳид Раҷоии шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Абулфайз Ализода ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» омад.
Дар доираи сафар ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, ки то 13 апрел идома меёбад, мавсуф ҳамзамон шаҳрвандонро қабул намуда, ба онҳо машварати ройгони тиббӣ медиҳад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ–амалӣ доир шуд
ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат
6 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?
Дар ноҳияи Ёвон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд
«ТОБИСТОН-2026». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодасозии истироҳатгоҳҳои тобистона доир гардид
Ширкати «IRS» дар 320 километр роҳ навсозӣ анҷом медиҳад
Кумакҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб расонида шуданд
Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ доир мешавад
5 май дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Кӯлоб бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир гардид






